Чӣ тавр бояд ҳавопаймои тиббиро дар Итолиё фармоиш дод

Авиатсияи тиббӣ дар Итолиё дар тамоми кишвар васеъ истифода бурда мешавад. Баъзе беморхонаҳо дорои майдончаҳо барои чархболҳои хусусӣ мебошанд, онҳо дар марказҳои ёрии таъҷилӣ ва дар шаҳрҳои аз марказ дур пешбинӣ шудаанд. Киштии ҳавоиро дар хатсайри зарурӣ тавассути ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL), ки соли ду ҳазору ҳабдаҳ пешсафи парвозҳои санитарӣ дар Аврупо арзёбӣ гардид, фармоиш додан осон аст.

Хусусиятҳои хатсайрҳои санитарӣ

Мо ҳавопаймоҳо аз истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳонӣ пешкаши Шумо менамоем: Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus,  Fokker, Saab, Cessna, Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft,
тамсилаҳои чархболҳои боҳаловат аз Robinson, Airbus Eurocopter,
Ми, Вell, Sikorsky.

Дар канораи ҳамаи киштиҳои ҳавоӣ мавҷуд аст:

  • катҳои беморӣ бо имконияти мустаҳкам қарор додани касал,
  • қисми табобати шиддатнок (интенсивӣ),
  • дастгоҳи тозакунии сунъии шушҳо,
  • инфузоматҳо барои бо вояҳо фиристодани доруворӣ,
  • кардиомониторҳо, ксиметрҳои набз, дефибриллятор,
  • таҷҳизотҳои назорати ҳарорат ва фишори хун,
  • дастгоҳҳои таъминкунандаи ҳаёти бемор дар ҳолати вазнин қарордошта.

Хатсайрро ҳатман духтур-реаниматолог ё дигар мутахассиси зарурӣ мушоиат менамояд. Дар канораи киштии ҳавоӣ ходими хурди тиббӣ, ҳамшираи шафқат ё пайвандон беморро мушоиат карда метавонанд. Дар мавриди зарурӣ ба бемор кӯмаки таъҷилии тиббӣ расонида, ҳатто дар ҷараёни парвоз, имконияти гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд аст.

Читайте также:  Саёҳат бо чархбол дар Итолиё

Ташкили саёҳат «аз оғоз то интиҳо»

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозро «аз оғоз то интиҳо» ташкил менамояд:

  • барои бастани шартнома бо беморхонаи интихобшуда барои муолиҷа кӯмак мерасонем,
  • интиқол тавассути нақлиёти тиббӣ то фурудгоҳ ва аз фурудгоҳ,
  • рӯҳан ва ҷисман беморро барои парвоз омода менамоем,
  • хизматрасонии гурӯҳи тиббиро пешкаш менамоем,
  • дар парвоз духтури тахассусиро барои мушоиат пешниҳод менамоем,
  • ҳуҷҷатҳои бемор ва мушоиати ӯро барасмият медарорем (раводид, суғурта, китобчаи тиббӣ),
  • ба пайвандони бо бемор парвозкунанда парасторӣ менамоем (меҳмонхона, хӯрок, машварати духтур),
  • варианти муфиди киштии ҳавоиро интихоб менамоем,
  • бо вуҷуди зарурат парвози пайи ҳами ҳавопаймо ва чархболро пешниҳод менамоем (ҳавопаймо + чархбол),
  • ба осоишгоҳи эҳёшавӣ ё баъди муолиҷаи бомуваффақият бп манзили зист бурда мерасонем.

Вақте, ки хатсайри тиббӣ зарурат дорад

Хатсайри тиббӣ дар Итолиё, чуноне дар дигар кишварҳо, на ҳамеша парвози фавқулодда маҳсуб меёбад. Дар ҳолати гузаронидани амалиёти наҷотдиҳӣ ва тахлияи ҷабрдидагон аз минтақаи офат киштии ҳавоӣ таъҷилан пешкаш карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар, барои беозор интиқол додани бемор ва омодагии ҳавопаймо ба парвоз, хатсайр дақиқ банақша гирифта мешавад.

Читайте также:  Авиатсияи тиҷоратии Итолиё

Дар баъзе маврид, барои парвоз ба беморхона на ҳавопаймои тиббӣ, балки ҳавопаймои муқаррарии хусусӣ зарур аст: зани ҳомиладор дар марҳилаи зоиш қарордошта ё модар бо кӯдаки навзод, гурӯҳи маъюбони ба осоишгоҳи эҳёӣ ё калонсолони ба истироҳат азми сафардошта. Дар чунин ҳолат, щароити боҳаловат ва мушоиати духтури соҳибтаҷриба кифоя аст. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) барои ташкили таъҷилии чунин хатсайр дар Итолиё омода аст.

Баъзан ҳавопаймоҳои хусусӣ барои интиқоли ҷисми марҳум ба макони дафн киро карда мешавад. Дар чунин мавриди барои пайвандони марҳум сангин, AVIAV TM (Cofrance SARL) иҷрои ҳамаи барасмиятдарории парвозро ба ӯҳдаи хеш мегирад, ки маросими дафн барои хешон ва наздикони марҳум дар фазои ором бигзарад.

Чӣ тавр бояд ҳавопаймои тиббиро дар Итолиё фармоиш дод

Агар Шумо хоҳиши фармоиши ҳавопаймои тиббӣ дар Итолиё дошта бошед, дархости худро дар сайти мо сабт намоед ва дар ҳолати таъҷилӣ бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) тариқи телефон дар тамос шавед. Маълумоти зеринро пешниҳод намоед:

  • макони бемор,
  • суроғаи беморхонаи интихобшуда,
  • вазъи саломатӣ ва ташхиси касалии бемор,
  • мушоиати бемор,
  • зарурати духтури тахассусӣ,
  • сана ва вақти парвоз.
Читайте также:  Хариди ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар Итолиё

Менеҷер арзиши парвозро ҳисоб карда, чӣ тавр ба парвоз бояд омодагӣ дид маълумот медиҳад. Бо назардошти хатсайр ва масофаи парвоз, ба Шумо тамсилаи мувофиқи киштии ҳавоӣ тавсия дода мешавад.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) пурра ташкили хатсайрро дар Итолиё ба ӯҳдаи худ мегирад. Баъзан худи мизоҷон барои муолиҷа ба куҷо парвоз карданро намедонанд. Мо метавонем беморхонаи лозимиро интихоб намуда, дар бастани шартномаи хизматрасонӣ кӯмак расонем. Ширкат дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои Аврупо фаъолият менамояд, дар ҳолати зарурӣ мо омода ҳастем марказҳои тиббии кишварҳои Амрикои Шимолиро тавсия диҳем.

Саволҳои худро метавонед бевосита тавассути телефон диҳед ё дар сайти мо сабт намоед: посух ба саволро Шумо фавран мегиред. AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳавопаймои тиббӣ дар Итолиёро барои парвози боҳаловат ба ҳама кунҷу канори дунё манзури Шумо менамояд.

Related Posts