Авиатсияи тиҷоратии Итолиё

Авиатсияи гражданӣ ва хурд дар Итолиё: чиптаҳои он-лайн барои ҳавопаймо, фармоиши парвози хусусӣ, хариди чиптаҳо, иҷораи ҳавопаймои хусусӣ ва ғайра!

Итолиё – яке аз самтҳои маъруфи авиатсияи хусусӣ маҳсуб меёбад. Ба ин ҷо аз кишварҳои мухталифи дунё ҳавопаймоҳои хусусӣ парвоз мекунанд, аксарияти парвозҳо ба шаҳрҳои Россия, Аврупо, баъзе давлатҳои Осиё ва Иёлоти Мутаҳидаи Амрико рост меояд.

Агар Шумо хоҳиши иҷораи ҳавопаймои хусусӣ дар Итолиё дошта бошед, метавонед фармоишро тавассути брокери ширкати ҳавоии бонуфузи аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) анҷом диҳед. Авиатсияи тиҷоратӣ омода аст хатсайрҳои мустақим ба самтҳои мухталифи дунё пешкаши Шумо карда бошад. Парвозҳо дар шароити боҳаловат ҷараён гирифта, ба мусофирон хизматрасонии аъло ва иловагии муфид пешниҳод мегардад.

Фармоиши фаврии ҷети тиҷоратӣ

Барои фармоиши ҳавопаймои хусусӣ дар Итолиё, пур кардани дархост дар сайт бо пешниҳоди маълумотҳои зерин кифоя аст:

— макони парвоз ва фурудоӣ,

— теъдоди мусофирон,

— санаи парвоз ва бозгашт,

— вазн ва ҳаҷми тахминии бағоҷ,

— парвози кӯдакон бо Шумо,

Читайте также:  Авиатсияи боркаш дар Итолиё

— парвози ҳайвонҳои хонагӣ бо Шумо,

— интихоби Шумо оиди тамсилаи киштии ҳавоӣ,

— хоҳишҳои Шумо дар бобати парвози хатсайр,

— матлаби Шумо дар бобати хизматрасониҳои иловагӣ,

— суроғаи почтаи электронӣ.

Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) таъҷилан арзиши хатсайрро ҳисоб карда, ба Шумо рӯйхати ҳавопаймоҳое, ки дар самти фармуда парвоз мекунанд, манзур менамояд. Дар мактуби ба Шумо равон шуда, маълумоти зерин дарҷ мегардад:

  • Нархи иҷораи киштии ҳавоӣ барои рафтуо,
  • тамсила ва соли истифодабарии ҳавопаймо,
  • иқтибосҳои тавсиф ва суратҳои дохили ҳавопаймо,
  • фурудгоҳҳои оғоз ва интиҳои парвоз
  • вақти оғози парвоз, таваққуф ва фурудоӣ
  • маълумоти иловагӣ оиди парвоз

Танҳо интихоби тамсилаи ҳавопаймо ва бастани шартномаи электронӣ боқӣ мемонаду халос. Барои шиносоӣ метавонед ба осонӣ шакли маъмулии онро аз сайт дарёфт кунед. Варианти пурраи онро менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) омода менамояд. Хизматрасонӣ ба тариқи ғайринақдӣ ва фосилавӣ анҷом дода мешавад. Ҳамин тариқ, фармоиши ҳавопаймои маъмурӣ дар Итолиё ҳамагӣ чанд дақиқаро дарбар мегирад.

Интихоби фурудгоҳ аз хоҳиши мизоҷон вобаста аст. Мутахассисони ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) фурудгоҳҳое, ки дар он ҷо таваққуфи ҳавопаймо арзон аст, тавсия медиҳанд. Набояд аз хотир баровард, ки парвоз аз Итолиё бо хатсайрҳои хориҷӣ танҳо аз фурудгоҳҳои дорои мақоми байналмилалӣ анҷом дода мешаванд.

Читайте также:  Хариди ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар Итолиё

 Хизматрасониҳои иловагӣ

AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасониҳои зарурии иловагӣ ва ташкили парвоз «аз оғоз то интиҳо»-ро пешкаш менамояд:

  • интиқол то/аз фурудгоҳ дар макони оғози парвоз – макони таъиншуда,
  • хӯроки нисфирӯзӣ аз тарабхона дар канораи ҳавопаймо,
  • интихоби тамсилаи ҳавопаймо дорои шароити боҳаловат (душ, хобгоҳ, мини-офис, кинотеатр),
  • вақтхушӣ дар ҷараёни парвоз (филми дӯстдошта, мусиқӣ, бозиҳо, дастрасии интернет),
  • толори интизории VIP дар фурудгоҳ,
  • барасмиятдарории раводид, суғуртаи тиббӣ, нигаҳдории (брони) меҳмонхонаҳо
  • мушоиати корӣ-тиҷоратӣ
  • дар ҷараёни парвоз ташкили ҷашнҳо ё чорабиниҳои корӣ-тиҷоратӣ
  • хизматрасонии дарбон дар шаҳри истиқболгиранда.

Мизоҷон хизматрасониҳои дилхоҳ, ки ба онҳо лозим аст, интихоб менамоянд, муроҷиати онҳо бо харҷи зиёди маблағ ва сарфи вақт ба ширкатҳои мухталиф зарурат надорад.

Афзалиятҳои AVIAV TM (Cofrance SARL)

  1. Дувоздаҳ сол дар бозори хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар Аврупо.
  2. Як дақиқа барои нигаҳдории (брони) хатсайр.
  3. Даҳ дақиқа барои барасмиятдарории фармоиш.
  4. Маҷмӯи хизматрасониҳои иловагӣ.
  5. Брокер ширкат нархи хатсайрро баланд намекунад.
  6. Дастрасӣ ба пойгоҳи ҷаҳонии ҳавопаймоҳои хусусӣ – ташкили хатсайри бетаваққуф ба ҳама кунҷу канори дунё.
  7. Ҳуқуқшиносони штатӣ дар соҳаи авиатсия ва гумрук – дар гирифтани иҷозати парвоз ва интиқоли борҳо ягон муаммо вуҷуд надорад.
  8. Бо забонҳои зерин озодона муошират менамоем: итолиёвӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, ҷопонӣ.
  9. Пешсафи хизматрасониҳо дар соҳаи интиқоли тиббӣ дар Аврупо соли ду ҳазору ҳабдаҳ, аъзогӣ дар бизнес-иттиҳодҳои ҳавопаймоӣ: EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association) ва шабакаи чартерии Avinode.
  10. Кафолати махфият, шаффофияти ҳуқуқӣ ва ҳисоботи молиявӣ.
  11. Хати шабонарӯзии тамос бо мизоҷон.
Читайте также:  Чӣ тавр бояд ҳавопаймои тиббиро дар Итолиё фармоиш дод

Ба туфайли фаъолияти AVIAV TM (Cofrance SARL) фармоиши ҳавопаймои хусусӣ дар Итолиё маъмул гаштааст, ки ба мизоҷон ягон заҳмат кашидан зарурат надорад. Танҳо хатсайрро дар сайт сабт намоед ва ба саёҳат омодагӣ дидан гиред. Дар соати таъин шуда, ҳавопаймо дар фурудгоҳ Шумо интизор мешавад.

Related Posts