Хариди ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар Итолиё

Брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасониҳои зеринро манзур менамояд:

  • хариду фурӯши ҳавоппаймоҳо ва чархболҳо,
  • сохтмони киштиҳои ҳавоӣ аз «сифр»,
  • ороиш ва зебдиҳӣ.

Агар Шумо хоҳиши хариди ҳавопаймо дар Итолиё, таҷҳизонидани киштии мавҷудаи ҳавоӣ ё сохтмони нави онро дошта бошед, мо иҷрои корҳои зеринро таъмин менамоем:

  • гузаронидани созишнома «аз оғоз то интиҳо»,
  • мушоиати ҳуқуқӣ,
  • кӯмаки машваратӣ,
  • ҷалби коршиносони зарурӣ дар ҳар як марҳила,
  • менеҷменти тиҷоратӣ.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) аз соли ду ҳазору чаҳорум бо фурӯши киштиҳои ҳавоӣ дар Аврупо машғул аст. Имрӯз ба мо ҳавопаймоҳои ҳамаи континентҳо дастрас буда, ҳатто барои дарёфти тамсилаи нотакрор ва нодир омода ҳастем. Агар Шумо хоҳиши хариди ҳавопаймо ё чархбол дар Итолиё бошед, аз машварати ҳуқуқии ройгон оғоз кунед: занг занед ё дархости худро дар сайт сабт кунед, – фавран ба саволҳои хеш посухҳои мукаммал хоҳед гирифт.

Чӣ тавр мо фаъолият менамоем

Шиносоӣ. Дар мулоқоти аввалин Шумо оиди мақсади хариди киштии ҳавоӣ, тамсилаи мувофиқ (бо мавҷудияти афзалиятҳо), буҷет, тартиби харид, маълумот медиҳед. Менеҷер бошад Шуморо бо марҳилаҳои гузаронидани хариду фурӯш шинос намуда, оиди арзиши вариантҳои гуногун ва ҷараёни харидорӣ машварат медиҳад.

Нақша. Агар Шумо дар қарори хеш қавӣ бошед, дар ҳоли дурусти роҳандозии марҳилаи банақшагирӣ, он кафили бомуваффақият гузаронидани хариду фурӯш мебошад. Коршиносони молиявӣ ва авиатсионии AVIAV TM (Cofrance SARL), барои интихоби дурусти тамсилаи ба Шумо муфид, кӯмак мерасонанд. Мо тартиби молиявӣ, қарзгирӣ, соҳибӣ, макони бақайдгирӣ, таваққуфгоҳ, суғурта, хароҷотҳои истифодабариро бо Шумо муҳокима менамоем. Дар интиҳо ҳам мизоҷон ва ҳам мутахассисони мо оиди нигаҳдорӣ ва истифодабарии киштии ҳавоӣ маълумоти мухтасар пайдо мекунанд.

Интихоб ва санҷиш. Баъзан як намуд ва тамсилаи ҳавопаймои хусусӣ дорои таҷҳизотҳои мухталиф мебошад. Мо якчанд вариантҳои киштиҳои ҳавоиро пешкаш менамоем, бо назардошти хоҳиш Шумо метавонед ҳамаи онҳоро аз назар гузаронед, аммо интихоби варианти муфид барои Шумо беҳтар аст. Дар идомаи он, бо ҷалби инженерҳои соҳибтаҷрибаи ҳавоӣ мо киштиро аз ташхиси пурраи техникӣ мегузаронем. Дар интиҳо, таҳлили мукаммали ҳолати техникии ҷет, бо назардошти дурнамои истифодабарии он ва шарҳи хавфҳои мавҷуда, дастраси Шумо мегардад. Дар ҳамин давра, маъмулан бо хоҳиши худ соҳиби ояндаи киштии ҳавоӣ дар парвози санҷишӣ иштирок карда метавонад.

Читайте также:  Фармоиши чархбол дар Итолиё

Шартнома. Агар фурӯшанда ва харидор ба созиш оянд, ҳуқуқшиносони ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) шартномаи хариду фурӯшро «аз оғоз то интиҳо» мебанданд, ҳуҷҷатҳоро ба тариқи нотариалӣ тасдиқ мекунанд, пардохти маблағро назорат менамоянд, киштии ҳавоиро дар кишвари интихоб кардаатон ба қайд мегиранд, суғуртаи онро барасмият медароранд.

Дастрасӣ. Дар идома, киштии ҳавоӣ ба фурудгоҳи таъин гардида интиқол дода мешавад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) масъалаҳои кирояи ҳайати парвозӣ, таваққуфгоҳ ва ширкати хизматрасонро ҳаллу фасл менамоянд.

Менеҷменти тиҷоратӣ. Бо хоҳиши мизоҷон, AVIAV TM (Cofrance SARL) идоракунии киштии ҳавоиро ба дӯши худ мегирад. Барои дар фурудгоҳ бекор таваққуф накардан, гирифтани фоида баҳри рӯпӯш кардани хароҷотҳои истифодабарӣ, ба иҷора додани он муфид аст. Мо ҳалли масъалаҳо оиди хизматрасонӣ, нигаҳдорӣ, ҷустуҷуи мизоҷон, таъмини бехатарии парвозҳоро ба дӯши худ мегирем.

Чархболҳо. Расму қоидаи хариди чархбол ҳам чунин ҷараён мегирад. Аммо дар аксар ҳолатҳо расму қоида содда мегардад, чунки варианти зарурии киштии ҳавоӣ ё дар худи Итолиё ё дар яке аз кишварҳои аврупоии ҳамсоя қарор дорад.

Чиро бояд дар хотир дошт

  1. Ҳавопаймои хусусӣ дар Итолиё бояд дар он ҳолат харидорӣ кард, вақте ки истифодаи онро Шумо на камтар аз ду маротиба дар як ҳафта ба нақша гирифта бошед. Дар акси ҳол, иҷораи киштии ҳавоӣ муфид аст, чунки нигаҳдорӣ дар фурудгоҳ аз истифодабарӣ ва парвози он гаронтар аст.
  2. На танҳо чоряк, балки сеяки буҷет дар соли аввал барои истифодабарии киштии ҳавоӣ харҷ мегардад, бо мурури замон, хароҷотҳо барои нигаҳдории он тадриҷан меафзояд.
  3. Шояд кишвари бақайдгирӣ, таваққуфи ҳавопаймо бо макони зисти соҳиби он мухталиф бошад. Мутахассисони AVIAV TM (Cofrance SARL) варианти муфиди бақайдгириро бо назардошти ҳудуди парвозҳо ва хусусиятҳои нигаҳдории он ба Шумо тавсия медиҳанд.
  4. Мизоҷон ҳуқуқ дорад дар ҳама ҳолат ва марҳилаи иҷрои шартнома аз хизматрасониҳои ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) даст кашида, мутахассисони худро ҷалб кунад, аммо чунин қарори эшон гаронарзиш гардида, тартиби барасмиятдарории он тӯл мекашад.
  5. Расму қоида харид аз се моҳ то як сол ҷараён мегирад. Аз мизоҷон ягон саъю кӯшиш зарурат нест, чунки ҳамаи расму қоидаҳои барасмиятдарориро AVIAV TM (Cofrance SARL) ба ӯҳдаи худ мегирад, аммо таҳаммул лозим аст!
Читайте также:  Чӣ тавр бояд ҳавопаймои тиббиро дар Итолиё фармоиш дод

Истеҳсоли ҳавопаймо аз «сифр»

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) бо хоҳиши мизоҷон истеҳсоли ҳавопаймои нав аз «сифр» пешниҳод менамояд. Яъне, зимни ҳамаи дархостҳои фармоишгар, дар асоси лоиҳаи инфиродӣ сохта мешавад. Барои ин, тарҳкашҳои ҳавопаймо ва зебосозҳо таклиф шуда, истеҳсолкунандаи маъруф интихоб карда мешавад.

Камбудии варианти мазкур аз он иборат аст, ки мӯҳлати дуру дарозро тақозо дорад: шояд ҷараёни сохтмон солҳои зиёд тӯл кашад. Аммо дар натиҷа мизоҷон соҳиби он ҳавопаймо ё чархболе мегардад, ки дар хаёлҳои хеш мепарварид.

Нав ё истифодашуда

Аксарияти мизоҷон хариди ҳавопаймои хусусӣ дар Итолиё, ки аз корхонаи истеҳсолӣ ҳавопаймои тайёр бароварда шуд, аз сохтмон ва истеҳсоли он афзалтар мешуморанд. Аммо барои киштиҳои ҳавоии истеҳсолкунандагони маъруф, ба мисли Bombardier, Embraer, Cessna,  Dassault, Aviation, Gulfstream, Beechcraft навбат зиёд буда, навбати худро якчанд сол интизор мешаванд.

Читайте также:  Саёҳат бо чархбол дар Итолиё

Варианти дигар – хариди киштии ҳавоии нав аз дасти ҷаллоб. Дар чунин ҳолат, интизорӣ намекашед, аммо нархи ҳавопаймо тадриҷан гаронарзиш мегардад.

Хариди ҳавопаймоҳои истифодашуда муфид ва бехатар аст ва ҷустуҷӯи тамсилаи зарурӣ дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) аз чанд дақиқа то якчанд рӯзро дарбар мегирад. Аммо кафолат ба чунин киштиҳои ҳавоӣ, эҳтимол аллакай гузашта, таъмири хурди он қимат мегардад.

Кадом шакли харидро Шумо интихоб накунед, брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) хушҳол аз он аст, ки барои дар Итолиё соҳиб гаштан ба ҳавопаймои орзуи Шумо, кӯмак мерасонад.

Ороиш ва зебдиҳӣ

Баъзан мешавад, ки соҳиби киштии ҳавоӣ мехоҳад онро, бино ба доштани нуқсон, фурӯшад. Аммо ин расму қоидаи тӯлонӣ буда, ҷустуҷӯ ва хариди ҳавопаймои нав вақти бисёрро металабад. Аз ҳама осон, дар мӯҳлати кӯтоҳ ва арзон оро ё зеб (тюнинг) додан аст.

Ороиш ва зебдиҳии ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар Итолиё – ин такмили киштии ҳавоӣ зимни дархостҳои соҳиби он. Шояд тағйиротҳо қисми техникӣ, баланд бардоштани эътимодияти умумӣ, муҷаҳҳазгардонии канораи киштӣ, намуди берунаи онро, дарбар гирад. Масолеҳи муосир ва коркард барои комилан дигар намудани ҷет ва ба ӯ бахшидани ҳаёти дуюм мусоидат менамояд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) корҳои зеринро дар кишвари матлабшудаи Аврупо ташкил намуда, хизматрасониҳои иловагии заруриро мерасонад.

Оиди масъалаҳои мазкур шабонарӯзӣ ба хадамоти хизматрасонии AVIAV TM (Cofrance SARL) муроҷиат кунед ё паёмаки хешро дар сайт ҷойгир намоед. Дидани Шумо дар сафи мизоҷони мо бароямон мояи хушбахтист.

Related Posts