Фурудгоҳҳо дар Итолиё

Дар Итолиё шасту ду фурудгоҳҳо фаъолият доранд. Ба туфайли кори брокерони ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) имконияти фармоиши ҳавопаймои шахсӣ аз ҳама бандарҳои ҳавопаймоӣ мавҷуд аст. Парвоз ба хориҷа танҳо аз фурудгоҳе, ки мақоми байналмилалӣ доранд, мумкин аст. Аксарияти мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) дар интихоби ин ё он фурудгоҳ ба афзалиятҳои мавҷуда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Барои мизоҷони корпоративӣ – бале: дар бандарҳои ҳавоии кучак нархномаи таваққуфгоҳи ҳавопаймо бисёр арзон аст, бино ба ин, агар Шумо хоҳиши кам кардани харҷи маблағ дошта бошед, ҳамин бандарро интихоб кунед. Ширкати «Кофранс» интиқоли Шуморо ба фурудгоҳи зарурӣ дар куҷои Итолиё ҷойгир шуда набошад, ба воситаи нақлиёти сабукрав ташкил менамояд.

Фурудгоҳи пойтахт

Дар мақолаи мазкур мо фурудгоҳҳои бузургтарини Итолиёро шарҳ медиҳем. Асосии онҳо бандари ҳавоии пойтахт, ки ба номи Леонардо де Винчии мӯътабар номгузорӣ шудааст. Он дар шаҳраки Фюмичино, ки дар масофаи сӣ километр аз канори Рим ҷойгир шудааст. Ҳама сола тавассути дарвозаҳои меҳмоннавози он сию шаш миллион мусофирон парвоз мекунанд.

Фурудгоҳи пойтахт соли 1961 (як ҳазору нӯҳсаду шасту якум) кушода шуда, дар идома васеъ ва таҷдид мегардид. Имрӯз дар ин фурудгоҳ чаҳор хати парвозу фурудоии ҳавопаймоҳо мавҷуд аст, ки дарозии дутои он се ҳазору нӯҳсад метрро дарбар мегирад. Дар ин ҷо ҳама намуду тамсилаҳои ҳавопаймоҳо, инчунин, ҳавопаймоҳои мусофиркашону боркаш фуруд омада метавонанд. Дар ҳар се терминалҳо барои мусофирон шароити муосир ва қулай фароҳам оварда шудааст. То бандари ҳавоӣ тавассути роҳи оҳани барқӣ, метро, автобус ё такси расидан мумкин аст.

Аксарияти хатсайрҳо аз фурудгоҳи Рим парвоз мекунанд. Парвозҳо ба дигар шаҳрҳои аврупоӣ аз ҳама бештар инкишоф ёфтаанд. Ҷуғрофияи хатсайрҳо бемислу монанд васеъ аст. Хатсайрҳо ба самти Осиё беҳад зиёданд. Дар бобати Россия бошад, парвозҳои мунтазам ба Москав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Калининград мавҷуд аст. Миқдори начандон зиёди хатсайрҳои бетаваққуф ба кишварҳои Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ мавҷуд аст.

Читайте также:  Фурудгоҳҳои Испания

Аз «Леонардо де Винчи» ҳама вақт ҳавопаймоҳои шахсӣ парвоз мекунанд. Маъмулан, онҳоро арбобони барҷастаи ҷамъиятӣ ё ташкилотҳо барои парвоз дар самти хатсайр мавҷуд набуда, фармоиш мекунанд. AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозҳоро бештар ба шаҳрҳои Россия, ҷазираҳои ғароиб ё дигар минтақаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Бразилия, Мексика, Перу, Аргентина пешкаш менамояд.

Милан – Малпенса

Дуюм аз ҷиҳати бузургӣ ва истифодабарӣ фурудгоҳ дар Итолиё дар масофаи чиҳилу панҷ километр аз канори шаҳри Милан, дар шаҳри Варез ҷойгир буда, «Малпенса» номгузорӣ шудааст. Дар як сол тавассути бандари ҳавоӣ ҳаждаҳ миллион мусофирон парвоз мекунанд. Дар ин ҷо ду хати дарозтарини парвозу фурудоии ҳавопаймоҳо мавҷуд аст, ки ба туфайли онҳо фурудгоҳ барои қабули ҳама гуна тамсилаҳои ҳавопаймоҳоро омода мебошад.

Барои мусофирон шароити қулай ва муфид мавҷуд аст: мағозаҳои дюти-фри, толорҳои боҳаловати интизорӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, тарабхонаҳо ва кафе, нуқтаҳои мубодилаи асъор, шӯъбаҳои бонк, дастрасии шабакаи интернет, таваққуфгоҳи фароҳ. Байни ду терминал «шаттлҳо» мегарданд. Тавассути автобус, такси ё қатора давоми як соат то Милан расидан мумкин аст.

Ҷуғрофияи парвозҳо аз фурудгоҳи Милан беҳад васеъ ва зиёд аст. Се чоряки хатсайрҳо самтҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, ба кишварҳои Аврупо ва Осиё парвоз мекунанд. Аз ин ҷо ҳавопаймоҳо ба давлатҳои африқоӣ, аз ҷумла, Алҷазоир ва Маврикийяи дурдаст парвоз мекунанд.

Ба кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ хатсайрҳо начандон зиёд бошад ҳам, онҳоро ширкатҳои бонуфуз тавассути ҳавопаймоҳои дарозпарвоз амалӣ мекунанд. Ба самтҳое, ки хатсайр мавҷуд нест, брокери AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷетҳои хусусиро пешкаш менамояд – парвоз тавассути системаи қулайи фармоиши онлайн татбиқ мегардад.

Милан – Энрико Форланини

Боз як фурудгоҳи муҳим дар канори шаҳри Милан ҷойгир шудааст – он баҳри поси хотир ба номи ҳавонаварди машҳур Энрико Форланини номгузорӣ гардидааст. Дар як сол тавассути бандари ҳавоии мазкур нӯҳ миллион нафар парвоз мекунанд. Як бинои терминали сеошёна мавҷуд аст, ки дар он ҷой ҳамагуна хизматрасониҳои зарурӣ пешкаши мизоҷон мегардад. Тавассути автобус ё такси қулай ва бемамоният то марказ рафтан мумкин аст.

Читайте также:  Фурудгоҳҳои Испания

Парвозҳо танҳо дохили Итолиё ё кишварҳои Аврупо пешниҳод мегардад. Ҳавопаймои хусусиро тавассути брокери ширкати ҳавоии AVIAV TM (Cofrance SARL) фармудан қулай аст. Масоҳати хати парвозу фурудоӣ барои парвозҳои тӯлонӣ ба шаҳрҳои Россия ва Осиё имконият медиҳад.

Бергамо ва Венесия

Фурудгоҳе, ки наздикии Бергамо ва дар масофаи чиҳилу панҷ километр аз Милан ҷойгир аст, чаҳорумин аз рӯи бузургӣ ва истифодабарӣ маҳсуб меёбад. Он ҳам бандари ҳавоии байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, хатсайрҳо дохили кишвар ва кишварҳои Аврупо пешкаш менамояд. То фурудгоҳ тавассути автобус ё роҳи оҳани барқӣ расидан мумкин аст.

Панҷум аз рӯи бузургӣ ва аҳамият фурудгоҳи Итолиё дар масофаи понздаҳ километр аз Венесия ҷойгир буда, ба номи сайёҳи машҳур Марко Поло номгузорӣ шудааст. Ба ин ҷой сайёҳони зиёд аз кишварҳои Аврупо баҳри тамошои манзараҳои зебои шаҳр ташриф меоранд. Бандари ҳавоӣ дар ҳудуди калон ҷойгир бошад ҳам, дорои танҳо як терминал мебошад. Дар ин ҷой хизматрасониҳои барои мусофирон зарур пешниҳод мешавад: банду басти бағоҷ, кафе ва тарабхонаҳо, мағозаҳои дюти-фри, истироҳатгоҳҳо, нуқтаи «Такс-Фри», толор барои сайёҳони соҳибимтиёз, ҳуҷраи бозӣ, бунгоҳи тиббӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёти сабукрав.

Аз фурудгоҳ то шаҳр тавассути автобус рафтан бисёр осон ва қулай аст. Хоҳишмандон метавонанд баъди тарки бандари ҳавоӣ ба воситаи таксии обӣ дар шаҳр сайругашт кунанд. «Марко Поло» байни мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) бисёр маъруфият пайдо кардаанд: сайёҳони воломақому давлатманд ба Венесия тавассути ҳавопаймоҳои шахсӣ ташриф меоранд.

Чӣ тавр аз Россия ба Итолиё бояд рафт

Читайте также:  Фурудгоҳҳои Испания

Хатсайрҳои мустақим аз Россияро якчанд фурудгоҳҳои итолиёвӣ қабул менамоянд. Аз Москав ба Рим тавассути «Аэрофлот» ё аз Санкт-Петербург тавассути канораи «Победа» парвоз кардан мумкин аст. «Уралские авиалинии» парвози Шуморо аз Екатеринбург ва Калининград пешкаш мекунанд.

Агар Шумо хоҳиши сафар ба Венесия дошта бошед, чунин имкониятро бароятон «Аэрофлот» аз фурурдгоҳи «Шереметево»-и Москав пешкаш менамояд, дар баробари он, хатсайрҳои мавсимӣ ба Верона бо ҳавопаймоҳои S7 Airlines аз Домодедово манзури Шумо мегардад. Нафароне, ки азми сафар ба Болоня доранд, «Аэрофлот»-и ломакон дар хизмати ӯст.

Ширкатҳои ҳавоии «Якутия» ва Orenair гоҳ-гоҳ хатсайрҳо аз Краснодар ва Челябинск ба самти Римини ташкил мекунад. Ба самти мазкур ҳавопаймоҳои «Уралские авиалинии» ҳам парвоз мекунанд, агар Шумо азми сафар ба Генуя дошта бошед, чунин имкониятро ширкати S7 аз Домодедовои Москав амалӣ менамояд.

Фурудгоҳи «Малпенса»-и Милан байни сайёҳон аз Россия талаботи фавқулодда пайдо кардааст, аз ин лиҳоз, аз Москав ба ин ҷой тавассути ҳавопаймоҳои AirBridgeCargo, Alitalia ва «Аэрофлот» ва аз Санкт-Петербург бо ҳавопаймоҳои хоксоронаи «Россия» ба осонӣ расидан мумкин аст.

Аз фурудгоҳҳои дорои мақоми байналмилалии Россия, бо истифода аз хизматрасониҳои AVIAV TM (Cofrance SARL), имконияти дархости ҳавопаймои хусусӣ дар самти зарурӣ ба Итолиёро фармоиш диҳед. Менеҷер варианти ба Шумо муфид ва қулайро пешниҳод менамояд.

Вобаста ба фурудгоҳҳо дар Итолиё, AVIAV TM (Cofrance SARL) хатсайрҳоро аз шаҳрҳои зерин пешкаш менамояд: Албенга, Алгеро, Анкона, Аоста, Азиаго, Авиано, Бари, Бергамо, Белла, Болоня, Болсано, Бреша, Бриндизи, Катания, Катандзаро, Комизо, Кротоне, Кунео, Дечимоманну, Ҷазираи Элба, Флоренсия, Форли, Генуя, Гроссето, Лечч,  Капаннори, Милана-Линате, Милана-Малпенса, Неапол, Олбия-Коста Смералда, Падуя, Палермо, Пантеллерия, Парма, Перуҷи, Пескара, Пиза, Фюмичино, Реҷо-ди-Калабрия, Реҷо-Эмилия, Римини, Чампино, Салерно, Сиена, Тревизо, Триеста, Турин, Венесия, Верона.

Дархости хешро дар сайти мазкур фармоиш диҳед ва ҳавопаймо соати таъин шуда пешкаши Шумо мегардад!

Related Posts